Ғолибони олимпиада аз Бохтар ба истироҳатгоҳҳои Варзоб рафтанд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, зиёда аз 20 нафар ғолибони олимпиада ва фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»-и ноҳияи Варзоб равон карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки тибқи дастуру супоришҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар асоси нақша — чорабиниҳои шуъбаи маориф ғолибони олимпиадаҳо ба хотири ҳавасмандгардонӣ ба лагерҳои истироҳатӣ сафарбар гардида истодаанд.

— Дар ин росто, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф саҳми муассир дошта, кӯдакону наврасонро ба истироҳатгоҳҳои гуногуни кишвар бурда истодаанд. Кӯдакону наврасонро дар ин давраи фарогирӣ бо лагер омӯзгорон ва намояндагони соҳаи маориф ҳамроҳӣ доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *