Блогери тоҷик дар Туркия инста-сериал сабт мекунад

Ҳоло ду блогери тоҷик — Айзик ва Рамзик дар Туркия қарор доранд. Охири ҳафтаи гузашта ин ду нафар суҳбати тӯлониеро дар ютубканали “Ramzik original” нашр карданд, ки ин аввалин мусоҳибаи муфассали Айзик мебошад.

Айзик мегӯяд, ки “5 сол пеш ба блогинг омадам ва агар ҳамон вақт медонистам, ки ин соҳа ба сарам мушкилоти зиёд меорад, беҳтар мебуд ин пешаро интихоб намекардам”.

Ӯ дар фаъолияти блогериаш муддате бо маркази продюсерии “Бабаянс Продакшн” ҳамкорӣ дошт ва дар мавриди қатъи ҳамкорӣ чунин гуфт:

— Мо бо “Бабаянс Продакшн” шартномаи шашмоҳа доштем ва вақте ки он тамом шуд, ман баромадам аз он ҷо.

Айзик муддате дар Русия асосгузори хонаи блогерон буд, ки навкорони ин роҳро ҷалб менамуд. Як қисми суҳбат дар ин бобат сурат гирифта, мусоҳиб ин тавр ба ёд меорад:

— Дуруст аст, ки бо сабаби ҳамон хонаи блогерони таъсисдодаам 500 ҳазор рубли русӣ қарздор шудам, вале беҳтараш дар ин мавзуъ зиёд суҳбат накунем. Ҳар чизе буд, гузашт ва ҳоло ҳамааш хуб аст.

Инчунин, суҳбатнигор доир ба аъзои хонаи блогерон мепурсад, вале Айзик аз ногап набудану ҳамкорӣ накардан мегӯяд. Дар охири мусоҳиба Айзик ишора мекунад, ки сабаби ба Туркия рафтанаш — ин таҳияву нашри силсилафилме барои “Инстаграм” аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *