Боғи нави ҳайвонот.Чаро бунёди он кашол меёбад?

Бо гузашти қариб чор сол масъалаи бунёди “Боғи ҳайвонот” дар шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мо ин мавзӯро пайгирӣ кардем.

Боғи ҳайвонот дар куҷо сохта мешавад?

Чанде пеш хабар расид, ки дар Душанбе сохтмони боғи нави ҳайвонот оғоз мешавад. Нақшаи он ҳанӯз соли 2020 эълон шуда буд.

Боғи нави хайвонот дар роҳи Варзоб, дар назди терминали Чорбоғ бунёд хоҳад шуд.

Вақте мо ба ин мавзеъ омадем, онҷо ҳеҷ нишонае аз оғози кори сохтмон дида намешавад. Вале сокинони атрофи ин мавзеъ тасдиқ карданд, ки дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор аст “Боғи ҳайвонот” сохта шавад.

Яке аз сокинони кӯчаи Аҳрор Мухторов гуфт: “Чор моҳ пеш ба мо хабар доданд, ки раиси шаҳр барои дидани ин мавзеъ меояд. Худи ҳамон рӯз чанд соат тамоми роҳҳои атрофи мо баста шуд. Аз шаҳрдорӣ одамон омаданд ва фикр мекунам лоиҳаи “Боғи ҳайвонот”-ро кашиданду рафтанд. Дигар аз онҳо хабаре нашуд. Вале омадани онҳо беманфиат набуд. Зеро  дар ду тарафи роҳ арча шинониданд”.

Мо барои дақиқ кардани ин хабар ба шаҳрдорӣ тамос гирифтем, вале посухи дақиқ нагирифтем.

Боғи нави ҳайвонот чӣ гуна хоҳад буд?

Лоиҳаи боғи нав бо ҷалби мутахассисони варзидаи байналмилалӣ бо назардошти талаботи муосири нигоҳдории ҳайвонот таҳия шудааст.

Масоҳати умумии боғи ҳайвонот 13 гектар буда, дорои иқтидори 1500 намуди ҳайвонот, парандагон ва хазандагон мебошад.

Тибқи лоиҳаи пешакӣ дар майдони 0,40 гектар биноҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ сохта мешаванд, 0,85 гектар барои нигоҳдорӣ ва намоиши ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии ноҳияҳои Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти австралиягӣ ҷудо карда шудааст, 0,84 гектар барои ҳайвоноти Америка, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африка.

Дар «Боғи ҳайвонот» инчунин бунёди ду каҳвахона, мағозаи фурӯши ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.

Боғи кӯҳна дар чӣ ҳол аст?

Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макон 135 навъи ҳайвонот нигаҳдорӣ мешаванд. Дар боғ 50 нафар мутахассисон фаъолият доранд. 

Вазъи Боғи хайвоноти шаҳри Душанбе назар ба солҳои пеш беҳтар шуда бошад ҳам, вале ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.

Илова бар ин, он қариб ки дар маркази шаҳр қарор дорад. Яъне ҷояш ҳам муносиб нест. Бинобар ин, зарурати кӯчонидани он пеш омадааст.

Масъалаи ба макони дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонот қариб 10 сол аст, ки ҳалли худро намеёбад.

Шояд шаҳрдорӣ ба ин масъала равшанӣ меандозад. 

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *