Бо ҷавони аз худам хурд хонадор шавам?

 Рози дили дигаронро ҳар ҳафта аз саҳифаи “Номаҳо” мехондам, вале ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки рӯзе худам ба маслиҳати хонандагони газета муҳтоҷ мешавам.

Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам ва орзу доштам, ки рӯзноманигор шавам. Бо дониши худам ба донишкада дохил шудам. Соли якуми донишҷӯиям бисёр пуршӯру шар гузашт, ҳам шириниҳои ҳаётро дидаму ҳам заҳри талхиҳояшро чашидам. Ширинию талхиҳои ҳаёт гуфта ман ишқро дар назар дорам. Ҷавонеро самимона дӯст медорам. Мо ба ҳадде волаю шайдои ҳамдигар гаштаем, ки ҳатто як лаҳза ҳаётамонро бе якдигар тасаввур карда наметавонем, аммо маро як чиз руҳан азоб медиҳад.  Дӯстдоштаам аз ман як сол хурд аст. Метарсам, ки агар мо хонадор шавем, баъди тӯй падару модар ва пайвандонаш маро таъна мезананд, ки ту аз писари мо калон ҳастию сари ӯро тоб дода, ба домат андохтӣ.  Намехоҳам таънашунав гардам, вале аз дӯстдоштаам дил канда ҳам наметавонам. Мехоҳам хонандагони зиндагидидаи “Оила” ба ман маслиҳат диҳанд. Бо ҷавони аз худам хурд издивоҷ намуда, ман метавонам хушбахт шавам ё никоҳи мо оқибат надорад?

Хонандаи “Оила”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *