Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода Набимуҳаммад Хоркашевро пешвоз гирифт

Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочии Русия бори панҷум медали нуқраро ба даст овард, ба Душанбе баргашт.

Набимуҳаммадро шоми 16-уми ноябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бархе аз намояндагони Кумитаи ҷавонону варзиш, хабарнигорон ва наздикону ҳаводорон, аз ҷумла барандаи медали тиллои мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар Сочӣ Беҳрӯз Хоҷазода, пешвоз гирифтанд.

Набимуҳаммад рӯзи 12-уми октябр дар мусобиқоти Сочӣ дар намуди самбои варзишӣ (100 кило) пас се пирӯзӣ бар рақибонаш Александр Фисчетти (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Ҳакимҷон Исмоилов (Узбакистон) ва Клауди Коумен (Камерун) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда аз паҳлавони Русия Артём Осипенко, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт ва бо медали нуқра сарфароз шуд.

Сафари Набимуҳаммад Хоркашев ба Сочӣ ва иштирокаш дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо то ҳадде ҷанҷолӣ буд. Ӯ қаблан гуфт, ки бинобар камбуди маблағ натавонистааст дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Русия сафар кунад.

Набимуҳаммад Хоркашев беш аз даҳ сол аст, ки дар вазни сангинтарин барандаи мақоми аввали мусобиқоти самбо дар кишвар мебошад ва ҳамчунин борҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё пирӯз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *