Шаҳло Латифӣ-Афғонистон-Канада

Ошёна…

Хонаи мақсудам кулбаест дар қаламрави озодӣ,

Ки моликаш табиат.

Бараҳнагии танамро қазоват намекунад,

Бо бахилии ноҳинҷораш,

Садоямро дилхарош намехонад.

Аз барои сукути қарин ба ҷасади афкораш,

Ва дар ман қарор намеҷўяд.

Бо тану пӯсти арақолуду тааффуни зораш,

Кулбаи ростин аст.

Бо зинаҳои фарозини рӯ ба офтоб,

Ки доманаш васл гардидааст,

Ба болҳои уқоб.

***

Мардуми деҳкада

Бо соддагӣ зист доштанд,

Занҳо дар тани нозукашон.

Пӯшида буданд бо лояҳои иффат,

Мардон бо замири некашон.

Ки раҳсипори кӯҳу дашт буданд.

Дар миёни мазраъа ва осмон,

Ва кӯдакон, ки танини шодиашон,

Аз осоиш мегуфт.

Дар анбори гандумҳои ҷавон,

Он зиндагӣ кайфият дошт.

Зиндагӣ, ки фақат дар ривоят аз он шунидаем,

Ва имрӯз он соддагиҳоро сарф дар,

Наққошии овехтаи рӯ ба офтоб менигарам,

Ки лаззати ҳаётро дорад,

Дар миёнаш ниҳон.

***

 Ғубор  

Дар қалби мард чун ситорае медурахшам,

Дар рӯъёаш чун боғча сабзу хушранг.

Бо гулҳои қирмизу офтоби шодон,

Дар чашмонаш чу оҳуе мерақсам аз банди асорат гурезон.

Ва дар ормонаш,

Ҷуз табалвуре аз иштиёқ ҳастам бепоён,

Пас ман дастонамро,

Дар лобалои он ҳама тандиси тахайюлаш аз фарсангҳо мепечам.

То ҳаққу ноҳақи мафкураҳояшро,

Тафкик  кунам аз инзиҷори ҳодисаҳо,

Ва аз тапишҳои мусаффо.

Намедонам саранҷом ба кадом зовияе,

Аз тафаккураш мунтаҳӣ хоҳам шуд,

Ва дар кадом ҳиссаш хоҳам хобид.

Дар ҳисси ситоиш бо эътибораш аз ман ва ё,

Дархости бе интиҳояш фақат аз сафедиҳои ман?

شهلا لطیفی- افغانستان-کانادا

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *