Бобоям дафтардори Ҳафтшаҳр будаанд
Хушҳолию фараҳмандии ҳар муҳаққиқ пас аз зоеъ кардани чанд соли умри хеш дар пажуҳиш, ки дар пайи он нури чашму нерӯи зеҳнӣ сарф мешавад, бо расидан ба чизи дар кофтуковбуда беш аз пеш афзун мегардад.
Ҳамин аст, ки банда 14 соли умри хешро дар пайи пажуҳиши кору пайкори бобоям — Торобхоҷа ибни Умархоҷа, ки муҳассили мадрасаи Шердори Самарқанд буданду дар сурудани шеър аз қабили пешгомтаринони аҳди хеш буданду дар хаттотӣ беназир ва дар сипаҳсолорӣ беҳамто, сарф кардам. Инчунин мавсуф солҳои (1865- 1877) ба ҳайси ҳокими Хутан ва қозии Ёрканд ва дафтардори давлати Ҳафтшаҳри Муҳаммад Яқуббек адои вазифа намуда, дар ташкили давлати тоҷикон дар мулки Чин нақши калон гузоштаанд.
Эшон дар тӯли умри хеш ба кишварҳои Эрон, Туркия, Русия, Арабистон ва Ҳиндистон низ сафарҳо анҷом додаанд.
Рӯзгори чунин мардони фозил воқеан арзандаи пажуҳиш аст…
Бахтовар ТЕМУРЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ