автобус

Сатр чатрест аз шармандагӣ?

Автобуси №2 пур-пури одам, ки ба қавле «ҷои сӯзанзанӣ» нест. Аммо марди миёнсоле, ки дар пахлуи духтари зебоандоми 20-22-солаи сатрпӯш менишаст, аз ҷояш бархоста, ба Ҷӯра Шикорчии акнун пиршуда ҷой дод.

Шикорчӣ гумон кард, ки он духтар ҳоло хеста, ба мӯйсафеди дигаре, ки дар болои сараш рост меистод, ҷой медиҳад. Аммо сатрпӯш чунон «саргарми хондани» телефон буд, ки гӯё ӯро намедид. Ҷӯра як-ду бор сулфиду бо диққат ба духтар ва телефони ӯ нигоҳ кард. Гумон кард, ки духтари сатрпӯш сураҳои Қуръонро аз рӯи телефон аз бар мекунад, аммо дар телефон акси чандин зебосанами нимаурёни аврупоиро диду беихтиёр «ё тавба!» гуфт. Каме ба «гиру мони» духтар диққат карду сипас тоқат накарда, гуфт:

— Духтарҷон, ҷоятро ба бобоят намедиҳӣ?

Духтар сарашро боло накарда, ба Ҷӯра гуфт:

— Ман бобо надорам, кайҳо мурдагӣ…

— Бибӣ дорӣ?

— Дорам, аммо бобо не…

Шикорчӣ, ки дар ин байн ба ҷои даркории худ расида буд, аз ҷояш хеста истода, гуфт:

— Ин тавр бошад, духтарҷони ширин, ҳамин марди дар болои сарат бударо ба бобоӣ қабул кун, бибиат хурсанд мешавад…

Шумо фаҳмидед, аммо гумон аст, ки ин мӯдпарасти бо сатр «маскировка»-карда фаҳмида бошад. Чӣ гуфтед?

А. АҲМАДЗОДА, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *