шашлик

Мард агар нодор гардад, ғайраташ кам мешавад…

Дирӯз бегоҳ, ки ҳаво андак сард буд, либосҳои гарм пӯшида, ба тарабхонае рафтам ва чаҳор сих шашлик гирифтам. Қаблан, вақте ба ин тарабхона мерафтам, аксарият бо “хуш омадед”-у “марҳамат-марҳамат” истиқбол мегирифтанд, ҳатто администратораш ба истиқбол мебаромад, имрӯз, ки либоси андак дарвешона ба бар доштам, бо як ғуруру кибр ва нописандие касир супоришро гирифт.

Ногуфта намонад, ки вақте шашликҳоро ба хона овардам, дутояш аллакай барои истеъмол ҷоиз набуд.

Вале бигзарем аз ин ва бинем, ки чӣ хел мардум ба либос таваҷҷуҳ менамоянд ва ҳатто қоидаи муносибат бо муштарӣ тағйир меёбад?! Ин ба он маънист, ки ин мардум хеле ва хеле сер шудаанд ва хеле ва хеле аз инсоният ҳам гузаштаанд.

Мисоли равшан, агар сарулибоси воҳимае дошта бошед, дар хиёбон ҳам омма бароятон салом медиҳад, ҳарчанд намешиносед, вале агар либос дарвешона аст, ҳама худро дур мегиранд.

Як мисоли дигар, як дӯсте бароям аз куҷое пайдо шуд ва чанд вақт бо эҳтирому адаб дӯстӣ кард, аммо як рӯз аз маошам суол карду фаҳмид, ки чӣ қадар моҳона мегирам, оҳиста-оҳиста ғайб зад.

Ва воқеан ҳам оммаи осиёӣ фикр менамоянд, ки дорандаи либоси зебову воҳима миллиард дораду касе, ки омиёнатар мепӯшад, нодор аст, ки бениҳоят ғалати маҳз мебошад.

Шоир фармудааст, ки «мард агар нодор гардад, ғайраташ кам мешавад». Ин то ҷое ҳақиқат дорад, лек марди нодор ду чизи бузург дорад, ки ин виҷдон ва номус аст. Инсоф аслан барои марди нодор ва умуман табақаи миёнаҳол як қоидаву қонун аст.

Нодор беғайрат намешавад, балки боэҳтиёт мегардад ва ҳар як қадамашро санҷида мемонад. Нодор аслан фарзандашро ҳам боэҳтиёт тарбия менамояд ва воқеан ҳам дар хонаводааш дар муносибат эҳтиёт мешавад, то обрӯяшро оилааш ду пул накунад.

Барои ҳамин, вақте нодор мегӯям, бояд бидонем, ки нодор аслан ба касе кор надорад ва ҳадафаш хуб гузаронидани зиндагӣ асту дар доираи қонуну қоида зистан.

Вожаҳои ватандӯстӣ, адолат, волоияти қонун, инсоф, адл, номус, виҷдон, ҳифзи марз, хидмати меҳан, қарзи шаҳрвандӣ, эҳтироми инсоният, одамгарӣ ва ғайраҳо барои нодор ба мисли баъзе триллиардерону мошенникҳои дар забон дигару дар дил дигар, вожаҳои архаистӣ нестанд ва ҳамин нодор метавонад, ки дар рӯзи сахтӣ худашро барои давлату миллат қурбон кунаду Ватанам гӯяд!

Ба ҳамин далел, мо набояд, ки зоҳирбин ва ҳавобаланд бошем, ки аз миллиардерӣ то нодорӣ як қадам аст.

Бале, дар руҳияи сарватмандӣ ва ашрофзодагӣ бо додани дониши хуб фарзандонро тарбия намоед, хуб аст. Ин ҳам ба манфиати ҷомеа мебошад. Бигзор ҷаҳон миллати моро бо фарзандони донишманду сарватмандаш бишносад!

Муҳаммад САИДОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *