орд

Орд кай арзон мешавад?

Сол то сол нархи орд боло мераваду поин не. Аз 250-270 то 350 сомонӣ мерасад, зеро тахминан 80%-и он аз хориҷ ворид мешавад, асосан аз Қазоқистон.

Ба фикрам яке аз чораҳои паст кардани нархи орд бештар ворид кардани гандум ва коркарди он дар корхонаҳои дохили кишвар аст. Хуб мешуд, агар дар маркази баъзе навоҳӣ корхонаҳои хурди орд бунёд гарданд. Инчунин дар деҳаҳо осиёбҳои бобоии обиро аз нав гардон кардан лозим. Ҳоло дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ як нон аз 2 сомониву 50 дирам то 5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Барои мисол, оилаи серфарзанд агар даҳ дона нон гирад, 25-50 сомониро сарф мекунад.

Замони шӯравӣ як нон аз 8 тин то 10 тин нархгузорӣ мешуд ва нонвойхонаҳо давлатӣ буданд. Вазни нон аз 300 грамм то 350 грамм буд. Азбаски нон ғизои ҳамарӯзаи муқаддас аст, вазнашро кам карда, нархашро боло бурдан хиёнат ва гуноҳи нобахшиданист ва убол ҳам мебошад. Дар кишварҳои исломии шарқ ба ин масъала ниҳоят ҷиддӣ рафтор мекунанд. Гирем дар Эрон хамирро не, нони пухтаро бармекашанд ва нархи он аз ҳамаи маводҳои ғизоӣ арзон аст.

Бояд зикр кард, ки аз рӯи гуфтаи баъзе нафақагирон, нафақаи ночизи онҳо ҳатто ба як халта орд ҳам намерасидааст. Аз ин рӯ, чораҳое бояд андешид, ки нону орд то андозае арзон шаванд.

Э. КАМОЛЗОДА, нафақагир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *