Бохтар: Ба иштирокчиёни ҶБВ кумак расонида шуд
Феълан дар шаҳри Бохтар ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Онҳо пайваста дар маркази тавваҷҷуҳи масъулин қарор доранд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки бо дастури Роҳбари давлат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумак карда шуд. Ба гуфтаи масъулин, кумакро ба онҳо Баротзода Файзулло, шаҳрдори шаҳри Бохтар ва Вализода Одинашоҳ, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, аз ҳоли онҳо бохабар шудаанд.
Дар ин аёдат масъулин ба онҳо туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ расонидаанд.
“Ҳоло дар шаҳри Бохтар ду иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунанд. Онҳо се нафар буданд. Вале яке аз онҳо ҷойи зисти худро иваз кард ва ба ноҳияи Кӯшониён рафтааст. Аммо ҳамасола дар арафаи таҷлил аз солгарди ҶБВ масъулин аз ҳолаш хабар мегиранд”,- афзуд манбаъ.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд, ки аз 100-сола боло мебошанд. Онҳо ҳамасола дар арафаи таҷлили солгарди ҶБВ айёдат шуда, кумаки Роҳбари давлатро соҳиб мешаванд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ