Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Кафолат

Аз суҳбати ду сиёсатмадор:
— Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки баъди даҳ сол мо ба мисли мардуми Олмон ва Англия зиндагӣ хоҳем кард!

Сиёсатмадори дигарӣ мегӯяд:
— Стоп, ман чизеро нафаҳмида истодаам, шумо бо Олмон ва Англия чӣ кор кардан мехоҳед?

Раисро менависам

Бозор Собир аз Ашӯр Сафар мепурсад:

— То кай раиси Миралиро менависӣ?

— То вақте ба ман нон даркор асту ба говам коҳ, раисро менависам,- ҷавоб медиҳад Ашӯр Сафар.

Ба пеш!

Марди тоҷике аз марди тотор мепурсад:

— Бо забони шумо “ба пеш” чӣ гуна тарҷума мешавад?

— Алга!,- посух медиҳад тотор.

Тоҷик боз мепурсад:

— “Ба қафо” чӣ?

Тотор мегӯяд:

— Мардуми тотор қафо гуфтанӣ гап надоранд, онҳо дар ҷояшон тоб хӯрда, боз “алга” мераванд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *