Бонки миллӣ сабабҳои болоравии қурби долларро расман шарҳ дод
Ахиран, баъди чаҳиши якбораи доллар нисбат ба сомонӣ Бонки миллии Тоҷикистон васъи кунунии бозори асъорро расман шар дод. Бонк мегӯяд, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор бо лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ дучор гардидааст. Чунин ҳолат дар аксари кишварҳои шарикони асосии савдои Тоҷикистон низ ба назар мерасидааст.
“Аз аввали соли 2022 қурби расмии доллари ИМА нисбат ба пули миллӣ дар сатҳи 11,30 сомонӣ боқӣ монда, аз санаи 8.03.2022 фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид. Сабабҳои асосии зиёд шудани фарқият байни қурби расмии доллари ИМА нисабти пули миллӣ ва фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрирасмӣ, ин зиёд шудани талабот ба доллари ИМА, коҳиш ёфтани пешниҳоди асъор дар бозори байнибонкӣ, зиёд гардидани талабот ба асъори хориҷӣ аз ҷониби воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва боқӣ мондани тавозуни манфии савдои кишвар ва дигар омилҳо мебошанд”,-иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
БМТ бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, пешгирӣ намудани лапишҳои аз ҳад зиёди қурбӣ ва фарқияти зиёд байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро дар 9 марти соли 2022 анҷом додааст.
Ҳамзамон, дар баробари анҷомдиҳии тасҳеҳи қурбӣ БМТ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи (интервенсия) асъориро анҷом диҳад. Дар раванди анҷомдиҳии мудохилаи асъорӣ афзалияти аввалиндараҷа, ба дархости воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия дода шуда, зина ба зина дархостҳои субъектҳои дигари хоҷагидорӣ низ қонеъ гардонида мешаванд.
“Фишангҳои самараноки сиёсати қурбии БМТ, аз ҷумла тасҳеҳи (коррексия) қурбӣ ва мудохилаи (интервенсия) асъорӣ имкон медиҳад, ки норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор бартараф карда шуда, ба воситаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ талаботи субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла воридкунандагони молҳои ниёзи аввалия қонеъ гардонида шуда, воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар таъмин шуда, манфиати интиқолгирандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардида, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрирасмӣ маҳдуд карда шавад”,-омадааст дар иттилоияи БМТ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ