Нашрияҳои ғайриҳукуматӣ аз байн мераванд, агар…

Мусоҳиба бо журналист, муҳаққиқ ва омӯзгор Қироншоҳ Шарифзода

11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик аст. Расо 110 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз шумораи нахустини аввалин нашрияи тоҷикӣ — “Бухорои шариф” рӯйи чоп омад ва дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи наве оғоз шуд. “Бухорои шариф” умри кам дид, ҳамагӣ 153 шумораи он ба дасти хонанда расид ва нахуст бо сабабҳои иқтисодӣ, баъдан бо сабабҳои сиёсӣ фаъолияти он қатъ карда шуд. Бо гузашти як асру даҳ сол журналист ва муҳаққиқи матбуот Қироншоҳ Шарифзода сарнавишти матбуоти ғайриҳукуматии тоҷикро ҳамсони “Бухорои шариф” мебинад ва аз он нигаронӣ мекунад, ки нашрияҳои ғайридавлатӣ дар даҳсолаи баъдӣ аз байн хоҳанд рафт…

Ҳокимияти чорум

— Суҳбатамонро аз як суоли сода оғоз мекунам: ВАО-и моро имрӯз “ҳокимияти чорум” гуфтан мумкин аст?

— Имрӯз дар бораи “ҳокимияти чорум” будани ВАО-и тоҷик сухан гуфтан хандаовар аст. Қаблан, ҳа. Марҳилаҳое буданд, ки матбуоти тоҷик ба ин ормон наздик шуд. Дур намеравем, солҳои 2008-2012. Дар ин даврон, ба эътирофи як сиёсатшиноси маъруфамон, назар ба ҳизбҳои сиёсӣ матбуот пешсаф шуда буд. Аслан, мухолифати созанда, такон додани ҳукумати иҷроия ва таъсир расонидан ба афкори мардум вазифаи аҳзоби сиёсӣ аст, вале азбаски ҳизбҳо фаъол набуданд, як марҳила ВАО ин вазифаро иҷро мекард. Барои мисол, “Тоҷикистон”, “Азия+”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Миллат” ва “Озодагон”-и он солҳоро варақ занед. Инҳо ҷомеа ва ҳукуматро ба такон оварда буданд. Дар он марҳила нашрияҳои ҳукуматӣ ором буданд. Ин хуб буд. Мисли имрӯза алайҳи нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ва журналистони мустақил набуданд.

Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”

Президенти кишвар дар суханрониҳои хеш таъкид карда буданд, ки дигар ВАО-и ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ нагӯем, вале афсӯс, ки мо ба ин марҳила нарасидаем.

— Фикр намекунед, ки камтаъсир шудани ВАО ба суст шудани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, беранг будани ҷомеаи шаҳрвандӣ, хабарсоз набудани баҳсҳои парлумонӣ, хомӯшии шахсиятҳо ва ғайра низ иртибот дорад?

— Журналистика дар кишваре пеш меравад, ки он ҷомеа ВАО-ро як ҷузъи худ ҳисобад, яъне ба ҳар навиштаву гуфта вокуниш кунад, хоҳ аз ҷиҳати дастгирӣ, хоҳ аз ҷиҳати ихтилоф. Дар ҷомеае, ки нисбат ба фаъолияти ВАО бетараф ҳастанд, дар он ҷо ВАО пеш намеравад. “Ҳокимияти чорум” шудани ВАО ба журналистон не, ба ҷомеа вобастагӣ дорад. Журналист не, балки афкор “ҳокимияти чорум” мешавад. Вақте афкори мардум ба вуҷуд омад, тавассути ВАО ба ҳукумат расонида мешавад. Ҷун мардум бепарво аст, ҳукумати иҷроия ҳамон андоза бепарво хоҳад шуд. Агар ВАО дар мисоли мардум такягоҳ дошта бошад, он вақт ба ҳукумат таъсир мерасонад.

— Чун дар мавриди дастгирии мардум сухан гуфтед, суоле дар зеҳнам пайдо шуд. Тайи солҳои охир чандин нашрияи ғайриҳукуматии мо баста шуданд. Аксари онҳо қатъи фаъолияташонро ба фишори мақомот рабт доданд, вале ба мушоҳидаи банда, чанде аз онҳо пуштибонии мардумро надоштанд. Баъзеи он нашрияҳо бо теъдоди 500-600 нусха чоп мешуданд…

— Мувофиқи қонун дар ду ҳолат фаъолияти нашрия қатъ мешавад: ё тариқи суд ё аз ҷониби муассис. Вале дар мавриди баста шудани аксари нашрияҳои мо, ба ҷуз изҳороти муассисон ва ё сармуҳаррирон қарори суд нест. Албатта, бархе аз нашрияҳои моро омилҳои мухталиф, фишору таҳдидҳо аз байн бурданд, вале аксарият аз сабаби худкифо набудан барҳам хӯрданд. Инро бояд тан гирифт. Вақте дар бозор мавқеъ пайдо карда натавонистӣ, аз касе гила накун. Дар ин ҳолат беҳуда дод назан, ки моро кор кардан намонданд, ё дар кишвари мо озодии сухан нест.

Қироншоҳ Шарифзода: «Чаҳор мақола» доир ба "Бухорои шариф" - Pressa.tj

Обунаи маҷбурӣ ва капитализми бешагӣ

— Бубинед, мо дар даврони соҳибистиқлолӣ газетае надоштем, ки бо теъдоди 100 ҳазор нусха нашр шавад, яъне талабот нест. Барои чӣ мардуми мо ба харида хондани маводи чопӣ майл надоранд?

— Навиштаҳои устод Садриддин Айниро ба ёд биёред, муроҷиатҳои сардабири “Бухорои Шариф” Мирзо Ҷалол Юсуфзода ва сармуҳаррири “Шуълаи инқилоб” Саидризо Ализодаро ба хотир оваред. Ин бузургон низ гила аз ҳамин доштанд. Ба умеди харидор ҷон канда нашрия таъсис доданд, вале харидор пайдо нашуд. Теъдоди нашри нахустин нашрияи тоҷикӣ — “Бухорои шариф” ҳатто ба 2 ҳазор нарасид. Ҳарчанд миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров пули бисёр масраф кард, вале газета худкифо нашуд.

Дар замони Шӯравӣ як муддат мардуми мо ба мутолиа майл пайдо карданд. “Комсомоли Тоҷикистон” 200 ҳазор, “Тоҷикистони советӣ” 180 ҳазор, “Пионери Тоҷикистон” беш аз 300 ҳазор обуначӣ доштанд. Он солҳо обуна маҷбурӣ набуд. Дар он даврон, ки ҳоло тоталитариаш гуфта, санг мепартоем, сухан қадр дошт.

— Пас барои чӣ дар замони озодии сухан қадри сухан кост?

— Тағйир ёфтани сохт сабаб гардид. Мо аз сотсиализми ба гуфти Леонид Брежнев мутараққӣ якбора ба капитализми бешагӣ баргаштем. То аз ин беша баромадан ақаллан 70 сол лозим будагист.

— Оё имрӯз обуна метавонад мавқеи ВАО-ро дар назди хонанда паст кунад?

— Чанд сол қабл пешниҳод карда будам, ки дар шароити имрӯза обунаи маҷбурӣ барои матбуоти тоҷик савоб аст, ба шарте, ки соҳавӣ бошад. Барои мисол, муаллим ба нашрияҳои соҳавии худ обуна шавад, вале вақте ӯро ба рӯзномаҳои ҳукумативу ҳизбӣ маҷбурӣ обуна мекунанд, на танҳо обрӯйи ВАО намемонад, балки ин зулм ба муаллим аст. Агар муаллим бо хоҳиши худ обуна шавад, ин гапи дигар. Имрӯз муаллими бечора ними маошашро ба обуна медиҳад, аммо газета ба дасти ӯ намерасад. Бастаҳои газета дар куҷое тал хобанд ва килогӣ ба фурӯш мераванд…

Тамаъ обрӯйи журналистро кост!

— Мегӯянд, ки дар даврони Шӯравӣ обрӯву нуфузи журналист хеле боло будааст. Эҳсос намекунед, ки дар даврони мо аз ин обрӯву нуфуз чизе намондааст?

— Ман дар бораи мақоми журналист дар даврони Шӯравӣ чизе намегӯям. Зеро он ба назари шумо ҷавонҳо афсона менамояд. Агар гӯям, ки дар замони Шӯравӣ ҳамаи котибони райком ва вазирон аз журналист ҳарос доштанд, бовар намекунед. Мутаассифона, бесарусомониҳои солҳои 90-ум журналистонро муҳтоҷ кард. Маош набуд. Нонёбӣ душвор шуд. Бархе журналистон ба корҳое даст заданд, ки шаъни ин пешаро рехт. Паст шудани обрӯйи журналист аз тамаъҷӯйӣ аст. Дур намеравем, маблағ гирифтани журналистон зимни нишастҳои матбуотӣ, ки анъана шудааст. Дар оғози сол Шӯрои ВАО як баёния ҳам нашр кард, ки мутаассифона зери тозиёнаи танқид монд.

Қироншоҳ Шарифзода: Аз тахриби Хона-музейи устод Айнӣ даст кашед! -  Pressa.tj

Мебахшед, вақте ба кисаи шумо 50 сомонӣ мемонанд ё ба мошинатон 10 литр бензин мерезанд, ин аз муҳаббат нест, балки ин тамаъ аст, пора аст, лагад задан ба обрӯ аст, масхара шудан аст. Хаёл мекунед, ки раиси ноҳия аз рӯйи эҳтиром бензин рехт? Не, вай шуморо “гум шав!” гуфт ва боз дар суҳбат ба даҳ раиси дигар мавриди истеҳзо қарор дод. Вақте журналист пул мегирад, магар воқеиятро менависад? Ҳаргиз!

Бинобар ин, имрӯз мутаассифона ягон нашрияи мо, ҳатто нашрияҳои ҳукуматӣ, ки аз ҷиҳати моддӣ камбудӣ надоранд, таъсиргузор нестанд.

Албатта, на ҳамаи журналистони мо “кисагӣ” ҳастанд, вале сафи чунинҳо чунон афзудааст, ки назари мардум ба ҷомеаи журналистӣ дигар шудааст.

Ҳамраъйии касбӣ

— Солҳои охир бештар аз набудани ҳамраъйии касбӣ миёни журналистон нигаронӣ мешавад.

— Фаҳмиши ҳамраъйӣ чист? Танҳо он нест, ки як журналистро худо накарда ноҳақ ҳабс кунанду барои озодии ӯ мубориза барем. Ё дар кӯча як корманди БДА мошини хабарнигореро ноҳақ манъ кунаду ба ҳимояи ӯ шитобем… Ҳамраъйӣ пеш аз ҳама бояд дар фаъолияти эҷодӣ мушоҳида шавад. Як нашрия дар бораи фаъолияти ҳукумати як ноҳия матлаби танқидӣ чоп мекунад, мақолаи воқеӣ, нағз, аз ҷониби хонанда қабул мешавад. Ҳафтаи оянда нашрияи дигар аз он ҳаҷм калонтар аз он ноҳия матлабе нашр мекунад, ки гӯё раис беҳтарин раис миёни 68 шаҳру ноҳия асту он ноҳия биҳишт… Ин хиёнат ба ҳамраъйии касбӣ аст!

Солҳои 2008-2012 дар мо ҳамраъйии эҷодӣ рӯй дода буд. Барои мисол, “Тоҷикистон” дар бораи проблемаҳои Вазорати иқтисод як матлаб нашр мекард, медидем, ки дар шумораи дигар “Азия+” дар ҳамин мавзуъ мақолаи дигар чоп кардааст. “Фараж” низ паҳлуи дигари ин масъаларо бардоштааст. Вақте ки силсиламақолаҳо оид ба блоки иқтисодӣ нашр шуданд, Ҳукумат маҷбур шуд, ки дар ду-се маҷлиси пӯшида ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Мутаассифона, ҳамраъйии моро аз байн бурданд. Аввал дар байни нашрияҳо таркиш андохтанд, байни журналистони беҳтаринамон рахна сохтанд. Дар охир чӣ шуд? Нашрияҳо аз байн рафтанд, байни журналистон эътимод намонд.

— Яъне, ин таъсири беруна буд?

— Бале, хаёл мекунед “ҳокимияти чорум” шудан осон аст?

Ангушти шашум

— Мо набудани ҳамраъйиро бештар дар рӯзҳои танишҳои низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳсос кардем…

— Бале. Махсусан вақте сомонаҳои ғайридавлатӣ пайваста хабар пахш мекарданду “Ховар” хомӯш буд. Дар бораи телевизионҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро на тамошо мекунам ва на гуфтанам фоида дорад. Ин рафтори ВАО-и расмӣ на танҳо ҳамраъйӣ нест, балки халал ворид кардан ба ҳамраъйии касбӣ аст. Шумо фикр мекунед, ки ғалабаи қирғизҳо аз боқувват будани онҳо аст? Не, ин аз заъфи мост. Журналистони Қирғизистон имконоти бештар доштанд. Зеро гоҳо воқеаву ҳодисаҳо ҳанӯз рух надода, аз шуданаш онҳоро огоҳ мекарданд. Аз мо чӣ? Журналисти тоҷик як шабонарӯз барои тасдиқ ё радди хабари шуда интизор меистод…

— Барои чӣ мақомоти Тоҷикистон муҳим будани фаъолияти журналистиро дарк наркардаанд ва ҳанӯз онро ангушти шашум мешуморанд?

— Решаи асли гап надонистану дарк накардани рисолати ВАО дар ҷомеа аст. Вақте мақомдор дарк накард, ҳеҷ вақт ба шумо иттилоъ намедиҳад. Ин аз таҷрибаи комунистии шӯравӣ боқӣ мондааст, ки гуфти ҳизб қонун буд. Феълан шумо ягон вазирро медонед, ки зодаи замони истиқлолият бошад? Ҳайати ҳукумати моро бо ҳайати ҳукумати Қирғизистон муқоиса кунед.

Ёди Иттифоқи журналистон

— Мо ташкилоте дорем бо номи Иттиҳоди журналистон. Шумо фаъолияти ин ниҳодро эҳсос мекунед?

— Чанд рӯз пеш аз 11-уми март ба ёдам меояд, ки оё ягон маърака мегузаронида бошанд? Ҷоизаи Лоҳутиро ба кӣ медода бошанд? Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро кадом шогирдамон соҳиб мешавад? Оё маро хабар мекарда бошанд?

— Яъне, Иттифоқи журналистон дар як сол як маротиба бояд фаъолият кунад?

— Фаъолияти ҳар гуна созмон, ташкилот ва идора аз маблағ вобаста аст. Дар тасаввури мо Иттифоқи журналистон як созмоне бояд бошад, ки дар ғами дастгирии иҷтимоӣ ва эҷодии журналистон аст. Ин дар замони Шӯравӣ имконпазир буд. Он замон Иттифоқ аз буҷети давлат маблағгузорӣ мешуд, бино дошт, ду мошини хизматӣ дошт. ЖурФонд — хазинаи журналистон фаъолият мекард. Дар замони Шӯравӣ аъзои Иттифоқи журналистон дар вақти гирифтани хона ба 8 метри квадратии иловагӣ имтиёз доштанд. Имрӯз, вақте Иттифоқ як созмони ҷамъиятӣ аст, барои ин корҳо аз куҷо маблағ ёбад? Аз тарафи дигар, қонунгузорӣ иҷозат додааст, ки ташкилоти ҷамъиятӣ тариқи тиҷорат маблағ дарёфт карда, барои рушди ташкилот хизмат кунад. Бояд ҳамқадами замон бошад, бо лоиҳаҳо кор кунад, ба шароити иқтисоди бозорӣ созгор бошад, маблағ пайдо кунад. Мутаассифона…

Нашрияҳо аз байн мераванд

— Ояндаи нашрияҳои даврии моро чӣ интизор аст?

— Тарси ман аз он ки нашрияҳои ғайриҳукуматии мо солҳои охири умрашонро ба сар мебаранд, зеро имрӯз нашрияе, ки аз 10 000 бештар теъдоди нашр дошта бошад, ангуштшумор мондааст. Дигар ин ки, бозори рекламаи Тоҷикистон маҳдуд аст. Бозори мавҷуда ҳам ба нашрияҳои ғайриҳукуматӣ дастрас нест. Ҳол он ки, Президенти кишвар гуфта буданд, ки бояд фарқият набошад.

Дар моддаи 5-и Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” омадааст, ки давлат бояд нашрияҳоро дастгирӣ кунад. Ҳоло нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ба дастгирии давлат ниёз доранд. Шарт нест, ки давлат буҷаи яксолаи нашрияҳоро бидиҳад, балки барои рушд имкон диҳад, роҳи рекламаро боз кунад, фишори ғайрирасмии бозори рекламаро бардорад. Дигар кумаки давлат метавонад озод кардан аз андоз аз даромад бошад. Мо аллакай чунин таҷриба дорем, қаблан 3 сол матбуот аз ин навъи андоз озод шуда буд. Барои фаъолияти ВАО қарзҳои камфоиз пешниҳод шаванд. Вақтҳои охир шоҳид ҳастем, ки нашрияҳои ғайриҳукуматӣ аз давлатӣ дида бештар ҷон фидо мекунанд, бинобар ин, имкон дорад, ки аз буҷа бурсияҳи мавзуӣ ҷудо кунанд, то кумак ба фаъолияти ВАО гардад.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *