Бонки миллӣ зарурияти таъсиси Академияи бонкиро шарҳ дод

Дар Тоҷикистон интизор меравад, ки Академияи бонкӣ таъсис ёбад. Таъсиси ин ниҳоди молиявӣ дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллӣ Гулбаҳор Назирӣ ва намояндагони Фонди хазинаҳои амонатии Олмон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои БМТ, мулоқоти Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Бранко Венерт, коршиноси Фонди хазинаҳои амонатии Олмон 2- уми октябри соли 2023 баргузор гардида, зимни он ҷонибҳо аз ҷумла таъсиси Академияи бонкӣ дар Тоҷикистонро муҳокима кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки таъсиси академия дар кишвар барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низомӣ бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ин бахш муҳим мебошад.

NBTL3395.JPG

“Айни замон таъсиси Академияи бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонад ба талаботи муосири бозори байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад ва сатҳи хизматрасонии молиявиро боз ҳам баландтар бардорад, баррасӣ шуда истодааст. Мо хуб медонем, ки Фонди хазинаҳои амонатии Олмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад ва омодаем масъалаи мазкурро бо Фонди мазкур муҳокима намоем. Зеро барои рушди иқтисоди миллӣ ва бахусус низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии кормандон муҳим буда, Академияи бонкӣ дар сатҳи зарурӣ метавонад ин вазифаро иҷро намояд”, — гуфт Гулбаҳор Назирӣ.

Бранко Венерт зикр намуд, ки имконият ва муҳлати ташкили муассисаи таълимӣ, маблағгузории минбаъдаи он, талаботи бозор ба омӯзиши мавзуъҳои низоми бонкӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти он зимни мулоқоту вохӯриҳо бо мутахассисон муайян хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *