Тачбилд

Намояндагони 80 ширкати сохтмонии ҷаҳон ба Душанбе меоянд

Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» доир мегардад. Ин намоишгоҳ аз 12 то 14 октябр  доир гардида, дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлат иштирок менамоянд. 

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар намоиши  «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ, техника, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъмориро ба намоиш  мегузоранд.

Гуфта мешавад, ки ин намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *