Боргоҳи кашфиёту ихтироот
Довталабони азиз!
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир нақши муассир дорад.
Аз таърихи 67-солаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аён аст, ки муассисаи мазкур моҳи январи соли 1956 нахуст ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, дар соли аввал дар се факултет аз рӯйи 8 ихтисос ҳамагӣ 200 нафар донишҷӯёнро қабул намуда буд. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдили ном кард ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори он Муҳаммад Осимӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ номгузорӣ шуд.
Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ дар 47 кафедраи донишгоҳ 502 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1 нафар академик, 2 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 36 нафар доктори илм, 246 нафар номзади илм фаъолият мекунанд. Ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмию муҳандисӣ саҳми босазо дорад. Зеро донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ — техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Дар ин муассисаи олии бонуфуз вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ мутахассисон омода мешаванд.
Довталабони гиромӣ!
Агар мехоҳед худро ҳамчун муҳаққиқи ҷавону умедбахш ва муҳандиси моҳиру кордон бубинед, дар тавсеаи ҷаҳонбинии техникӣ ва иттилоотиву иртиботии хеш муваффақ гардед, истифодабарандаи фаъол ва ихтироъкори технологияҳои навини саноативу сохтмонӣ ва муҳандисиву конструкторӣ бошед, бо донишу малакаи хеш дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, таъсиси долонҳои бузурги транзитӣ ва саноатикунонии босуръати он мавқеи калидӣ дошта бошед, конструктори дастгоҳу таҷҳизот ва мошинолоти гуногун бошед, меъмори касбӣ ва офарандаи муъҷизаҳои сохтмонӣ гардед, мутахассиси баландихтисоси соҳаи роҳу нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ бошед, пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шуморо интизор аст.
Марҳабо, ба махзани илму маърифат ва боргоҳи кашфиёту ихтироот!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ