Бостоншиносони ҷавони ИДМ дар Саразм

Аз 11 то 17 июли соли 2016 дар Осорхонаи ёдгориҳои кишоварзии Саразм Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ  баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуминитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  гузаронида шуд.

Тавре Шервони Умриддин сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ – ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиносони варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.

Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олимони ҷавони ИДМ аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Россия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Белорусия, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.

Сипас, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ Конфронсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи “Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият”, сарвари экспидидсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология Лурье Павел Борисович дар мавзӯи “Панҷакенти қадим – шаҳраки асрҳои 5 – 8 мелодӣ”, ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент – Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи “Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5 – 7 мелодӣ”, мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи “Саразм – ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО” сухан ронданд.

Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон ҳар сол дар ҳар давлат як маротиба гузаронида мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *