Шоҳиён: 10 кас ҳукми абад гирифту 8 нафар сафед шуд

Имрӯз дар нишасти хабарие, ки дар Суди олӣ баргузор гардид, Раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён оид  ба фаъолияти ин сохтор дар шаш моҳи охир ба рӯзноманигорон ҳисобот дод.

Зимни он ӯ таъкид намуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 10 нафар ҳукми абад гирифта, 8 нафар сафед карда шуданд, ки  ҳардуи  ин рақам ҳам нисбати соли гузашта зиёданд. Шоҳиён вобаста ба саволи хабарнигори Tajikistan times дар мавриди  он, ки оё дар кишвар судяҳое, ки синнашон аз 63 боло бошад, ҳастанд, ҷавоби мусбат дод, вале таъкид намуд: “Аз сабаби он, ки қонун  дар бораи он, ки   мардҳои судя аз 63 солагӣ ва занҳо аз синни 58 солагӣ ба нафақа мебароянд ҳанӯз ба ҳукми иҷро надаромадааст, онҳо фаъолияти худро идома дода истодаанд”  Ҳамчунин ӯ аз минбар ба ҳафт саволи нашрияи “Тоҷикистон” вобаста ба барҳам хӯрдани Шӯрои адлия, ки қаблан ба  ин ниҳод ирсол гардида буд, ҷавоб гуфт, ки дар шумораи наздиктарини ин ҳафтанома онро мутолиа хоҳед кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.