Ҳамлаи маргбор  ба  идораи пулиси Алма -Ато

Дар шаҳри Алма-Ато, пойтахти собиқи  Қазоқистон низоми “сурх”-и амниятӣ ҷорӣ шуда ва мақомот дар пайи афроди мусаллаҳ ба шӯъбаи пулис аз мардум хостаанд, ки дар хонаҳо бимонанд.

Имрӯз , соати тақрибан 11, афроди мусаллаҳ ба як шӯъбаи пулис дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ҳамла оварда, бино ба хабарҳо се афсари пулис ва як нафари мулкиро кушта ва чанд тани дигарро захмӣ кардаанд. Дар пайи ин ҳамла мақомот дар Алма-Ато низоми шадиди амниятии сатҳаш “сурх” ҷорӣ карда, амалиёти густардаеро ба роҳ андохтаанд. Мақомот дар пайи ин ҳамла аз сокинони Алма-Ато хостаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва беҳуда ба кӯча набароянд. Пулиси Қазоқистон мегӯяд, ки яке аз ду ҳамлагаре, ки гуфта мешавад, ба шӯъбаи пулиси  маҳаллаи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато ҳамла карданд, дастгир шудааст. Шарики ӯ ҳанӯз дар ҳоли фирор қарор дорад ва ба ҳамин далел мақомот аз мардум хостаанд, ки дар хона бимонанд.Вазорати корҳои дохилаи Қазоқистон дар як эъломия гуфт, ки се афсари пулис ва як тан аз мардуми мулкӣ кушта шуданд. Ҳукумати Қазоқистон ба тамоми воҳидҳои низомӣ фармон додааст, ки дар ҳолати омодабош бошанд.Ин дувумин ҳамлаи пурқурбонӣ дар Қазоқистон танҳо дар ду моҳи охири июн ва июли соли ҷорист. Гумонбаре, ки рӯзи 18 июл дастгир шуд, бино ба хабарҳо, як сокини 27-солаи вилояти Қизилорда дар ҷануби Қазоқистон буда, гуфта мешавад, ки ӯро ба қатли як зани маҳаллӣ дар поёни ҳафтаи гузашта муттаҳам медонанд.Ҷузъиёти аз ин бештаре дар бораи шахсияти ҳамлагарон ҳанӯз дастрас нест.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.