“Флай”- дуздон боздошт шуданд

       Дар кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт назди боғи Наврӯзгоҳ шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархорро зери лату кӯб қарор дода, телефони мобилиаш тамғаи “Флай”, ки арзишаш 600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар гумонбарӣ ба содир намудани ҷинояти мазкур ду нафар ҷавонони сокини шаҳри Душанбе, яке 21, дигарӣ 18-соларо дастгир намуданд.Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *