Бостоншиносони тоҷик қасри Санҷаршоҳро таҳқиқ мекунанд

Бостоншиносони тоҷик дар Панҷакент қасри Санҷаршоҳ (ҳафриёти 7-8)-ро таҳқиқ мекунанд. Дар ин бора Академия миллии илмҳо хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин кор бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, н.и.т. Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пулотов аз 15-уми май бо ҷалби донишҷӯёни факултети таърихи ДОТ дар шаҳри Панҷакент рӯи даст гирифта шуда, дар натиҷаи ҳафриёт дар ин мавзеъ ҳуҷрае пайдо кардаанд, ки андозаи он дар давраи якуми сохтмонӣ ба 15.6 x 19 метр мерасад. 

“Ёдгории бостонии Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент аз замири чунин ёдгориҳои беназири кишвар мебошад, ки бо бозёфтҳову биноҳои нодири худ аз ҳунар, завқу ҳаваси меъмориву кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад. Ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9-и мелодӣ мебошад. Новобаста аз он, ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 50-70-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд. То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 ҳафриёти бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқиммати таърихӣ ба даст омадаанд”,- гуфта шудааст дар хабар.

Тибқи гузориши мазкур, ҳафриёт то нимаи аввали моҳи июн идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *