Дар «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд Рӯзи кӯдакон таҷлил мешавад

Пагоҳ, 1-уми июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар чорабинии идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони Истиқлол иштирок менамоянд.

— Дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо шодишарики кӯдакон мегарданд. Чорабинии идона соати 8:00 оғоз мешавад ва сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *