ғарқшавӣ

Ғарқ шудани ду нафар ва наҷоти як кӯдак дар давоми 10 рӯз

Дафтари матбуоти КҲФ аз ғарқ шуда ба ҳалокат расидани ду нафар ва наҷоти як кӯдак дар кишвар дар давоми даҳ рӯзи гузашта хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъ, нисфирӯзии 21-уми май як сокини 42-солаи деҳаи Куҳнақурғани деҳоти Г. Бердибоеваи ноҳияи Мурғоб нопадид шудааст. Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ барои овардани чорвои худ ба самти дарёи Ак-суу рафта буд ва муддати дароз аз ӯ дарак набуд. 8 рӯз сокинони деҳа ӯро ҷустуҷӯ карданд ва ниҳоят зуҳри 29-уми май ҷасади ӯ аз дарёи Ак-суу пайдо ва ба хешовандонашон супорида шуд. Сабаби ғарқ шудани марҳум маълум нест.

Бино ба иттилои дигар, бегоҳии 28-уми май як сокини 59-солаи кӯчаи Қурбон Холиқов №169-и шаҳраки Москваи ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ дар ҳолати мастӣ дар канали Панҷ, ки аз наздикии манзили истиқоматиаш мегузарад, ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ӯ муддати ду рӯз идома дорад, вале натиҷае ҳосил нашудааст. 

Ҳамчунин, ҳамин ниҳод гузориш медиҳад, ки нисфишабии рӯзи 30-юми май ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе як сокини кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи пойтахт хабар медиҳад, ки дари манзили истиқоматиаш баста шудааст ва фарзанди ноболиғаш дар хона танҳост. Кормандони имдоди Раёсат бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расида, паз аз як соат дарро боз намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *