Ҷавони модарозор 15 шабонарӯз ҳабс шуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гузориш медиҳад, ки дар асоси муроҷиати волидайн як сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми озору азият додани волидайнаш дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ин нафар Диловар Абдураҳимов ном дошта, соли таваллудаш 1985 ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев будааст. Зимни санҷиш маълум гардидааст, ки номбурда пайваста машрубот нӯшида, дар ҳолати мастӣ волидайни худро озору азият медодааст.

“Чунончи, санаи 30-юми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00, Абдураҳимов Диловар боз дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиш омада, бо падару модари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, дар ҳолати мастӣ нисбати дигар атрофиён низ бо алфози қабеҳ дашном дода, боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандон гардидааст”,- гуфта шудааст дар хабар.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Диловар Абдураҳимов барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва модарозориву итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шудааст. Суд нисбати номбурда ба муҳлати 15 шабонарӯз ҷазо татбиқ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *