футбол

Тоҷикистон эҳтимол мизбони Ҷоми футзали Осиё-2024 мегардад

Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 29-уми май кишварҳои мизбони бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024-ро эълон кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки AFC 8 кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон ва Тайландро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 интихоб кардааст. Бозиҳои интихобӣ аз 7-ум то 11-уми октябри соли 2023 баргузор мешаванд.

Бино ба хабари манбаъ, қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми футзали Осиё-2024 рӯзи 22-юми июн дар қароргоҳи AFC дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Хабар дода шудааст, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 31 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхат ба финали Ҷоми футзали Осиё-2024 мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *