Роғун

Боз як маблағгузори дигар барои сохтмони “Роғун» пайдо шуд

Боз як бонки дигари  байналмилалӣ барои сохтмони НБО-и “Роғун» 270 миллион доллар ҷудо кард. Имзои созишномаи ин маблағ дар шаҳри Пекини Чин доир шуд.

Тавре ки Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, 20 декабри соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ дар ҳаҷми 1 922,2 млн юани чинӣ баробар ба 270 млн доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода  ва Ноиби Президенти Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ ҷаноби Константин Лимитовский ба имзо расонидаанд.

“Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ барои сохтмони НБО «Роғун» пешниҳод мегардад 500,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ин маблағ барои  Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и НБО-и «Роғун», инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо сарф мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *