Боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия ҷон бохт
Рӯзи 31 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Десеновскийи вилояти Маскави Русия ҷасади марди 30-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст.
Рӯзи 31 марти соли ҷорӣ дар деҳаи Десеновскийи вилояти Маскави Русия ҷасади марди 30-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст.
Бино ба иттилои агентии “Москва”, ҷасадро нафақахури маҳаллӣ пайдо карда ва сипас, ба кормандони пулис хабар додааст.
Тибқи маълумоти қаблӣ, қисмати сари ин ҷавонмарди тоҷик сахт зарб хӯрда ва шояд далели ҷон бохтани ӯ шуда бошад.
Ҷасад барои ташхис ба бюрои судию тиббӣ интиқол шудааст. Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав аз рӯи ин ҳодиса корҳои бозрасиро шурӯъ кардааст.
Зимнан, бар асоси маълумоти Омбудсмени Тоҷикистон, дар соли 2018 дар Русия ҳудуди 1000 тан аз шаҳрвандони ин кишвар фавт кардаанд.
Аз ҷумла, 25 нафар кушта шудаанд. Дигарон бар асари садамаҳои нақлиётӣ, касалӣ, фалокатҳо дар маҳали кор ва ғайра вафот мекунанд.
Ҳамасола қариб 1 миллион тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба шаҳрҳои Русия сафар мекунанд. Дар солҳои ахир шумораи занҳои муҳоҷири тоҷик афзоиш ёфта ва ҳоло онҳо 10 дарсади муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ