Боз як тобути муҳоҷирро ба ватан оварданд

Чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷавони тоҷике мечархад, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав ба ҳалокат расид.

Мардуми зиёде ин аксро бознашр карданд, то пайвандони Меликов Шаҳбози ҷавонмарг ёфт шаванду ҷасади ӯро ба Ватан фиристанд. Шаҳбоз писари табиби уролог Саъдулло Меликов аз Ҳисор будааст. Падар тобути фарзандашро алакай аз Русия овард ва ӯро алакай дар зодгоҳаш – ҷамоати Навободи Ҳисор ба хок супурданд.

Муддати чанд рӯзи ахир дар сомонаҳои иҷтимоӣ расми ҷавонеро бо ному насаби Меликов Шаҳбоз Саъдуллоевич соли таваллудаш 1995 паҳн карданд, то ки пайвандони ин ҷавони фавтидаро пайдо намуда мурдаашро ба ватан фиристонанд. Бино ба ин хабарҳо, Шаҳбоз Меликов дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Маскав ҷон бохтааст ва ҷасадаш дар мурдахона (морг)-и маҳаллаи Климовскийи шаҳри Подолск қарор дорад.

Иттифоқи ҳамватанҳои мо дар паҳн кардани ин хабар ва ҷустуҷӯи пайвандони боз як тоҷики дар мулки мусофирӣ ҳалокшуда воқеан лоиқи таҳсин аст. Ҳамин иттифоқ буд, ки хабари марги Шаҳбоз хеле зуд ба дасти наздикони чашмбароҳаш дар Тоҷикистон расид.

Саъдулло Меликов, ки дар яке аз бемористонҳои Ҳисор ба ҳайси табиби уролог кор мекунад, вақте хабари марги Шаҳбозро ба ӯ расонданд, бовараш наомад. Ӯ билофосила ба Маскав парвоз кард ва танҳо вақте ки ҷасади сардшудаи Шаҳбозро дар морги Подолск дид, бовар кард, ки ҷигарбандашро ба чунин сурати муфоҷо дар мулки мусофират аз даст додааст.

Волидони Шаҳбоз ният доштанд, ки имсол баъди аз Русия омадани Шаҳбоз сари фарзанди худро ҷуфт намоянд, вале падари хунинҷигар ба ҷои орзуву ҳавасҳои писарашро дидан тобути писарро рӯи дастони худ ба хонааш оварду дар дили модари зору ҳайронмонда ва хоҳарони чашмбароҳ доғи абадиро гузошт.

Шаҳбоз Меликов ду моҳ қабл ба сафари муҳоҷират рафта буд. У санаи 17-уми октябр бо мақсади тахт намудани ҳуҷҷатҳояш ба сафар баромада, дар пайи як садамаи пурқурбонӣ ба ҳалокат расид. Мошине ки тоҷикбачаҳо дар он мерафтанд, ба зери Камаз даромада, сабаби марги чанд нафар, аз ҷумла Шаҳбоз шуд.

Аҳли оилаи Меликовҳо дар ҷамоатиНавободи шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд. Шаҳбоз дар оила фарзанди дуюм буд ва як бародару ду хоҳар доштааст. Ҷанозаи шаҳбачаи армонӣ рӯзи 20 октябр дароромгоҳи маҳаллаи Навобод ба хок супурда шуд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳои худ барои мардикорӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун – аз фалокатҳо дар ҷои кору садамаҳои нақлиётӣ то қатлу куштор – беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *