Баргузории Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия

Аз 24 то 26 октябр дар  шаҳри Москваи Федератсияи Россия  Форуми VI байнипарлумонии «Россия–Тоҷикис­тон: неруи ҳамкории байни­­мин­ тақавӣ» бо ширкати фаъолонаи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, вазорату сохторҳои марбутаи Россия ва доираи васеи соҳибкорон баргузор мегардад.

Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода, дар доираи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи палатаҳои болоии парлумонҳои Тоҷикистону Россия ва суҳбатҳои «мизи мудаввар» доир мегарданд.

Интизор меравад, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба такмили асосҳои ҳуқуқӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аграрӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар бахши илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ матраҳ хоҳанд гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *