Пешниҳод: Бунёди осорхонаи Сангҳои Тоҷикистон

Абдурофеъ Рабизода, маъруф Ба Шераки Ориён нависанда ва кинодраматурги маъруфи тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон “Осорхонаи Санг” бунёд карда шавад. Ин пешниҳоди худро нависанда ба он асоснок мекунад, ки кишвари мо дорои сангҳои гуногуни нодир буда, ин метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат кунад. Ин пешниҳоди худро Шераки Ориён дар саҳифаи худ дар Фейсбук ироа кардааст.

“Барои нишон додани қудрати дигарамон, яъне сангҳоямон ба чашми худ ва ба чашми хориҷиён ва чашми сайёҳон ва таваҷҷӯҳи бештари онҳо ҷалб намудан осорхонаи сангхоро, ки шукрона, акнун, сохибем, азимтар бикунем бояд. Ва ин Осорхонаи Санг бояд аз сангҳои қӯхистон, бо тарзи ҷолибу мӯъчаз сохта шуда, нимафсона барин бошад. Гуё дар асл санги азим бошад ва ё теппаи санги, ки андарунашро канда осорхона сохтаанд, аз атрофашу акнофаш кушодаанд дару равзана. Ва дар ин осорхонаи афсонанамуди сохтаамон бояд аз сангҳои тиллодору лаълдор то мармару хоросанг ва садҳо сангҳои дигари ҷолиб ва ҷозиб дар маърази тамошо бибошанд.”- навиштааст, Рабизода.

Ҳамчунин ӯ пешниҳод мекунад, ки дар атрофи Осорхонаи Санг фуруӯшгоҳҳое таъсис ёбад, ки сангҳои гуногун ва ашёҳои аз сангсохта фурӯшад.

Ёдовар мешавем, ки Абдурофеъ Рабизода, яке аз адибони маъруфи тоҷик буда, асарҳояш бо забонҳои мухталиф тарҷума шудаанд ва худаш соҳиби Ҷоизаҳои зиёди байналхалқист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *