Боздиди 3,9 миллион сайёҳ аз Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион гардишгар ворид гардидааст.
Аз ҷумла соли равон шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, 628 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод бештар аз 487 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин Кумитаи рушди сайёҳии кишвар ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли гузашта барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 давлати хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бе раводид ҷорӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ