“TajBUILD-2023” cохтмончиёни 5 кишварро ба ҳам меорад

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии “TajBUILD-2023” аз 12 то 14-уми октябр баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.

Дар намоиши “TajBUILD-2023” беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Таъкид шудааст, ки ширкатҳои иштирокдор дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморияшонро пешниҳоди тамошобинон ва шарикони эҳтимолӣ хоҳанд кард.

Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ хоҳад буд. Иштирокдорон метавонанд дар доираи ин намоишгоҳ шарикону ҳамкорони ҷадид пайдо кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *