Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гӯшт, моҳӣ, анору ангуру анҷир, хурмо, себ, нону маҳсулоти нонӣ ва ғайра бо нархҳои нисбат ба бозор то 30 дарсад арзон пешниҳод гардидааст.

Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои маводи ғизоӣ боздид карда, ташкили чунин ярмаркаҳоро дар самти таъмини дастрасии мардум бо маҳсулоти нисбатан арзон муфиду саривақтӣ арзёбӣ намудааст.

— Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва дастрасии сокинон бо маҳсулоти зарурӣ мунтазам чораҷӯӣ сурат гирифта, минбаъд низ чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят гузаронида хоҳанд шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *