Ташхису муоинаҳои ройгони шаҳрвандон дар вилояти Суғд

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёр сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби табибони ботаҷриба ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, бо истифода аз нақлиётҳои махсуси сайёр сокинони дигар шаҳру навоҳии вилояти мазкур низ марҳила ба марҳила ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро гирифта хоҳанд шуд.

— Зикр намудан бамаврид аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд нақлиётҳои сайёри тиббӣ дастрас намудааст, ки онҳо дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *