Манижа: Зани бе маълумот ҳамеша дар зери хушунат аст

Манижа Сангин овозхони маъруфи тоҷиктабори Русия ва ҳаммуассиси Бунёди SILSILA дар доираи “Маъракаи 16-рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ” дар Душанбе дар мавриди ҳуқуқу озодиҳои занон суҳбат кард. Манижа гуфт, ки бештари занони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ мавриди хушунат қарор мегиранд.

Санаи 2 декабри соли равон дар доираи “Маъракаи 16-рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ”, ки аз 25 ноябр 10 декабр идома хоҳад кард, дар шаҳри Душанбе тренинг барои кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки ба гуруҳҳои осебпазири занону духтарон дар ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат мекунад, баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ сарояндаи маъруф Манижа Сангин меҳмон буд, ки фаъоли корҳои ҷамъиятӣ мебошад. Бунёди ӯ SILSILA оид ба дастгирӣ ва ҳимояи афроди дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта, ки ба масъалаҳои кумаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ, гурезагон ва муҳоҷирон сарукор дорад.

Ҳайати эҷодии нашрияи «Тоҷикистон» ва Pressa.tj бо Манижаи Сангин

Манижа дар оғози суханрониаш аз сарнавишти хеш қисса кард:
— Ман зодаи Тоҷикистонам. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шудем, ки бо аҳли оила тарки Ватан кунем. 15 сол дар Русия бе шиноснома ва бидуни шаҳрвандӣ зиндагӣ кардам. Азоби занро дар муҳоҷират медонам. Азоби зани беҳуқуқ барои ман ошно аст…

Манижа мегӯяд, ки таҷрибаи зиндагии ӯ ва модараш метавонад барои ҳазорон нафар намуна бошад.
-Модари ман Наҷиба Усмонова як зани муосири муваффақ дар Тоҷикистон баъди тарки Ватан кардан дар кишвари бегона азоб кашид. Душвориҳои зиёдеро пушти сар кард ва имрӯз ҳаммуассиси Бунёди SILSILA асту барои ҳуқуқу озодиҳои занон талош мекунад,- гуфт номбурда.

Наҷиба Усмонова дар суханрониаш бештар аз душвориҳои занони муҳоҷир нигаронӣ кард.
— Солҳои охир мардон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо занҳояшон ба Русия мераванд. Марди муҳоҷир иҷозатномаи кор мегирад, патент месупорад ва озодона дар Русия кору фаъолият мекунад. Аммо зан ба хотири он ки маблағ сарфа шавад, ҳуҷҷат намегирад ва аз хона намебарояд. Ӯ наметавонад ба духтур муроҷиат кунад ё дар ҳолати зарурӣ ба милитсяи шикоят барад, зеро ӯ ҳуҷҷат надорад. Мо солҳои охир бештар ба чунин занон кӯмак мекунем,- гуфт ӯ.

Манижа, Наҷиба Усмонова ва Анастасия Бабичева, ки Бунёди SILSILA ро намояндагӣ мекунанд, мегӯянд, сабаби асосии зери хушунат будани занҳо маълумотнок набуданашон аст.
— Вақте зан соҳиби маълумот асту ҳуқуқу озодиҳояшро медонад, дар баробари ноадолатии гендерӣ мубориза мебарад ва талош менамояд, вале вақте бемаълумот аст, ҳамеша дар зери хушунат қарор дорад,- гуфт Манижа.

Ӯ дар мавририди Бунёди SILSILA гуфт:

-Бунёди SILSILA, ки ман онро таъсис додаам, ба инсонҳое кумак мекунад, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд. Ҳоло бештар ба муҳоҷирон кумак мекунем. Қадами навбатии мо ин аст, ки буклети маълумотдиҳӣ нашр кунем ва дар тайёраҳо ба муҳоҷирон тақсим намоем. Дар ин буклетҳо телефони боварии ташкилотҳои кумак ба муҳоҷирон навишта мешавад, то ки муҳоҷирон дар ҳолати дучор омадан ба мушкилот ба онҳо муроҷиат кунанд.

Дар идомаи ин тренинг фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Наргис Бобоева ва Лариса Александрова оид ба вазъи баробарии гендерӣ суҳбат карданд. Зикр гардид, ки зӯроварӣ алайҳи занон ва духтарон, аз ҷумла хушунати хонаводагӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст ва вазъ пас аз пандемияи COVID-19 бадтар гардидааст.

25-уми ноябр, дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбати занон, таҳти сарпарастии СММ “Маъракаи 16-рӯзи мубориза бар зидди хушунати гендерӣ” оғоз ёфт, ки то 10-уми декабр — Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон идома хоҳад кард. Дар Тоҷикистон, тибқи тадқиқоти демографӣ ва солимии соли 2017-ум 31 дарсади занони шавҳардор бо ин ё он навъи хушунати гендерӣ дучор шудаанд.

Тоҷикистон яке аз ду кишвари минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки ҳуқуқи маблағгузорӣ ва дастгирии коршиносони Ташаббуси «Луч света»-ро барои оғози як барномаи фарогир оид ба хотима додан ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ тавассути ҳамкориҳои самараноки собитшуда бо ИА ва СММ дорад. Ташаббуси “Луч света” як шарики глобалӣ ва бисёрсола байни ИА ва СММ барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон аст, ки ҳадафи он коҳиш додани тамоюлҳои манфии хушунат алайҳи занон ва духтарон бо сармоягузориҳо ва роҳҳои ҳалли қавӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *