Боздошти 27 сокини Язғулом бо ҷурми узвият ба “Ансоруллоҳ”
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, давоми моҳи май 27 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ барои узвият ба гуруҳи террористии “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд.
“4 нафари дигар дар хориҷи кишвар дар кофтукоб ҳастанд,” – гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки “Ансоруллоҳ” ё “Ҷамоати Ансоруллоҳ” тибқи қарори Суди олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ