Боздошти боз 20 фолбину ҷодугар дар Хатлон

Кормандони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани санҷиш боз чандин далели машғул шудани сокинонро ба сеҳргариву ҷодугарӣ, фолбиниву бо усулҳои ғайриинсонӣ табобат намудани шаҳрвандони беморро муайян намуданд.

Инҳо:

Юлдошев Раҳим бо тахаллуси Қорӣ-Бобо, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти 20 — солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш;

Саломов Назрулло, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Вахш, имомхатиби масҷиди панҷвақта ба номи «Усмони Зиннурайн»;

Ибрагимов Ҳалим, соли таваллудаш 1940, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш;

Сижоатиов Ҳабибулло, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Рудакӣ, ноҳияи Вахш, муаззини масҷиди панҷвақтаи ба номи «Ҳазрати Умар»;

Холбоев Намозалӣ, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Г. Юсуповаи ноҳияи Ёвон;

Сафарова Ҳабиба, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод;

Сафарова Ашурой, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати шаҳраки Панҷ, ноҳияи Панҷ;

Одинабеков Умар, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, ноҳияи Панҷ;

Менглиматова Бибитурсуной, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати шаҳраки Панҷ, ноҳияи Панҷ;

Алтиев Тоштемир, соли таваллудаш 1947, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Н.Хусрав;

Абилфайзова Фирӯза, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус;

Норбутаева Зумрат, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус;

Қараева Салима, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи Вахш;

Каримов Маҳмасаид Худойназарович, соли таваллудаш 12.03.1964, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Озодагон;

Ғуломов Саид, соли тавллудаш 1960, сокини деҳаи Вахши шаҳри Левакант;

Муҳтоҷова Муҳиба, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант;

Сафаров Шарофиддин, соли таваллудаш 1947, сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор;

Сангова Оимгул, сокини ҷамоати деҳоти Туркманистони ноҳияи Вахш;

Сандарова Ашурой Сардоровна, санаи таваллудаш 19.07.1961, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, кӯчаи 20 — солагии Истиқлолият;

Мирзоев Сулаймон, санаи таваллудаш 15.05.1938, истиқоматкунандаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҷамоати деҳоти Доғистон, деҳаи Дараи об.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ машғул шудан ба хунгирӣ (ҳиҷома), аловгардон, момагӣ (як намуди сеҳргарӣ), дамандозӣ бо асбобҳои ғайрисанитарӣ, хаткашӣ ва навиштани ҳарфҳои арабӣ дар бадани муштариён, махсусан занон, додани таштобу тӯмор машғул будаанд.

Нисбат ба дастгиршудагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *