наручник

Боздошти ду авбош дар Хоруғ

Хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 33 ва 34-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудаанд.

Хабар дода мешавад, ки номбурдагон шоми 21-уми май дар маҳаллаи Хичордев дар ҳолати мастиашон автомашинаи тамғаи “Тайота раф-4”-ро, ки таҳти идораи марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр қарор дошт, манъ намуда, аз ӯ хоҳиш намудаанд, ки рафиқашонро то беморхона барад, чунки вазъи саломатиаш бад будааст.

Тибқи иттилоъ, ҷабрдида хоҳиши онҳоро рад карда, бинобар ин гумонбаршавандагон ӯро аз ҳиссиёти авбошӣ зери шиканҷа қарор додаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

“Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 2, банди “к” Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *