Боздошти ду нафар бо гумони говдуздӣ дар Турсунзодаву Кушониён
ВКД аз боздошти ду нафар бо гумони говдуздӣ дар Турсунзодаву Кушониён иттилоъ дод.
Бино ба хабари додашуда, шаби 1-ум ба 2-юми июн дар шаҳри Турсунзода марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр пинҳонӣ аз назди заминҳои хоҷагидориаш 1 сар гови марди 45-солаи сокини ҳамин шаҳррро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, шаби 28-ум ба 29-уми май марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ пинҳонӣ аз дохили оғилхонаи марди 35-солаи сокини ноҳияи Кушониён 1 сар говро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон, маълум мегардад, ки ҳамин нафар субҳи 31-уми май пинҳонӣ аз заминҳои бекорхобида 1 сар гови марди 61-солаи боз як сокини дигари ноҳияи Кушониёнро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамин тариқ, боз ҳам ҳамин нафар субҳи 19-уми май пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии марди 47-солаи сокини ҳамин ноҳия 1 сар говро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда аз ҳолати якум 14 ҳазор, аз ҳолати дуюм 10 ҳазор ва аз ҳолати сеюм 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ