Боздошти ду зани нашъаҷаллоби тоҷик дар Абхозистон

Суди шаҳри Сухумии Ҷумҳурии Абхозистон ду шаҳрванди Тоҷикистон — Нилуфар Бозорова ва Майдагул Раҳимоваро барои фурӯши маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон боздошт кардааст. Дар ин бора портали расмии Прокуратураи генералии Абхозистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти манбаъ, ду зан дар нигоҳдорӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддири «метадон» бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шудаанд. Вазни метадон ҳамагӣ 11,142 грамм будааст.

Бар асоси ин хабар Н. Бозороваи 22-сола барои содир кардани ин ҷиноят дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ ба муҳлати 15 сол бо ҷарима ба маблағи 600 ҳазор рубл маҳкум шудааст. М. Раҳимоваи 44-сола низ 15 сол аз озодӣ маҳрум шуда, ба маблағи 700 ҳазор рубл ҷарима баста шудааст.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки Н. Бозорова ба гуноҳи худ комилан иқрор шудааст, вале М. Раҳимова иқрор нашудааст. Дар бораи ҷузъиёти қазия ва ҳамчунин чӣ гуна ба Абхозистон рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар кадом шароит боздошт шудани онҳо чизе гуфта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *