Обхезӣ дар Эрон ҷони 7 касро гирифт

Дар вилояти Ардабил, воқеъ дар шимоли Эрон бар асари обхезӣ 7 нафар ҳалок ва ду нафари дигар бедарак шудаанд. Дар ин бора хабаргузории маҳаллии «Меҳр» бо такя ба гузориши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар додааст.

— Мутаассифона, дар пайи обхезии ахир дар вилояти Ардабил 7 тан аз ҳамватанони мо ҷон бохтанд,- менависад расонаи мазкур.

Гуфта мешавад, ки ду эронии дигар дар шоҳроҳи Чолус, ки аз Теҳрон ба баҳри Хазар мебарад, дар пайи обхезии боронҳои шадид дар роҳ нопадид шудаанд.

Ба иттилои хабаргузорӣ, 12 вилояти Эрон, аз ҳама бештар Ардабил аз офати табиӣ осеб дидааст. Ба беш аз 5 ҳазор нафар осебдидагон кумак расонида шуда, беш аз сад нафар соҳиби манзили муваққатӣ шудаанд ва корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *