Боздошти дузд ҳангоми сӯхтор дар бозори Ҷайҳун
Шаби 1 ба 2 июли соли ҷорӣ дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳодисаи сӯхтор ба амал омад.
Дар баробари автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ ҳамзамон ҳайати калони кормандони милитсия ҷиҳати таъмини тартибот ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ҳадафи сафарбар намудани кормандони милитсия кӯмак расондан ба дастаҳои сӯхторхомушкунӣ, эмин нигоҳ доштани маҳсулоти аз сӯхтор зарарнадида, халал нарасонидани шаҳрвандон ба рафти хизматбарии дастаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва пешгирӣ аз рабуда шудани маҳсулоти соҳибкорон мебошад.
Тақрибан соати 4 саҳар шаҳрванд Каримов Абдуваҳоб Ҳоҷиевич санаи таваллудаш 25.11.1983, зодаи ноҳияи Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд аз ҷониби кормандони милитсия дар вақти содир намудани ҷинояти дуздӣ дар мавзеъҳои аз сӯхтор зарардида дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ҳамчунин, ӯ дар ҳабси пешакӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ