Боздошти ронандаи 9 – сола дар Хатлон. Айби кист: волидайн ё наврас?

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз боздошти ронандаи 9 — сола хабар дод.

Гуфта мешавад, 17 июни соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес” аз ҷониби як кӯдак инъикос ёфта, мусофиронаш низ хурдсолон буданд.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 97 58 ЕС 01 буда, таҳти идораи ноболиғи 9-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, кӯчаи Рӯдакӣ қарор доштааст.
Ӯ бе иҷозати падару модар мошинро гирифта, бо чанде аз дӯстони хурдсолаш дар маркази ноҳияи Панҷ бо суръати баланд сайругашт кардааст.

Ин наврас зодаи ноҳияи Панҷ буда, ҳоло дар ноҳия Синои шаҳри Душанбе иқомат доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *