Боздошти се говдузди ноболиғ дар Данғара
Дафтари хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Данғара се ноболиғ даст ба дуздӣ задаанд.
Ба иттилои манбаъ, шаби 20 ба 21-уми май шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди манзили истиқоматии сокоини 34-солаи ноҳияи мазкур як сар говро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 17, 14 ва 13-сола, ки якеашон пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд”,- омадааст дар хабар.
ВКД дигар тафсилоте надода, фақат навиштааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ