“Мерси Баку” аз “Сирдарё”: Маҳсулоти босифати ватанӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» аз наздик шинос шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, корхонаи «Сирдарё» соли 2009 таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад. Муассиси корхона бо роҳандозии хату таҷҳизоти муосири технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ мондааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану банду басти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, хатҳои технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250-грамма, 1-литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар роҳандозии бомароми чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ баҳои баланд додааст.

Таъкид шудааст, ки дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешавад. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.

Гуфта мешавад, ки алҳол ҳамарӯза коркарди 20 тонна зардолуи пешпазаки ноҳияи Ашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулотро бо сифати баланд пешкаши харидорон намуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *