Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар вохӯрии вазири тоҷик бо ҳайати ӯзбекистонӣ

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири маъданҳои куҳӣ ва геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобир Исломов, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзуллоев Ҷамол, муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азим Аҳмадхоҷаев, роҳбарони комбинати маъдану металлургияи Олмалиқ, “Узкимиёсаноат” ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ мулоқот намуд.

Бино ба иттилои вазорат, дар мулоқот ҳамчунин сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъулини мақомоти кишвар иштирок намудаанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба раванди иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни Роҳбарони олии ду кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи саноат, энергетика, геология, логистика, содирот табодули андеша намуда, аҳаммияти амалишавии лоиҳаҳои муштаракро тибқи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (12-уми майи соли 2023, шаҳри Тошканд) таъкид кардаанд.

Тарафҳо ҳамчунин натиҷаи сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз минтақаҳои саноатию энергетикӣ ва таърихии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айниро, ки рӯзҳои 22-23-юми майи соли ҷорӣ сурат гирифт, баррасӣ намудаанд.

Аз натиҷаи мулоқот ҷонибҳо санадҳои ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои мушаххас дар доираи самтҳои мавриди масъулият ба имзо расонидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *