Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо Морабито Висент

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Морабито Висентро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқот раиси вилоят зикр кардааст, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, наздики 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил намудааст. Ҳамчунин, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад. Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст.

— Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад. Кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд,- гуфтааст раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *