Муҳандис-иқтисоддони Акдемияи ВКД «Беҳтарин корманди ИДМ-2023» шуд

Самариддин Сайфиддинзода — лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молияи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Беҳтарин корманди ИДМ-2023» эътироф гардида, бо диплом, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шуд.

Озмун бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Ҷунбиши умумимиллии «Бобек» барои муайян кардани беҳтарин кормандон дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаммад Ҳайдарзода, донишҷӯи соли 1-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” дар соҳаи илм мукофотонида шуда, бо Дипломи дараҷаи 1, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ сарфароз гардонида шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *