Боздошти шаш фолбин дар Хатлон. Нисбати се кас парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва аризаву муроҷиати шаҳрвандон шаш нафар бо ном фолбину ҷодубарор боздошт гардидаанд.

Бо вуҷуди таъкидҳои ҳамешагӣ се нафари онҳо такроран ба кирдори ғайриқонунӣ даст задаанд.

 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, инҳо Ҷуманазарова Ағабек Розиевна, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Чаманистони ноҳияи Дустӣ, Умарова Олтин Саидқуловна, соли таваллудаш 1955 ва Рузиева Санавбар Хоҷакуловна, соли таваллудаш 1952 сокинони ноҳияи Кушониён, Мавлянова Замира Исковна, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Бохтар, Эрназаров Мураталӣ Алимардонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Вахш ва Қараев Абдулло, соли таваллудаш 1952, сокини ноҳияи Ёвон мебошанд.

Пешгӯии тақдир, бахткушоӣ, гарму сардкунӣ, навиштани тумору таштоб, пешниҳоди ҳар гуна ашёҳои маишӣ, ки гӯё тавассути дуоҳои омоданамудаашон дар ҳалли муаммои зиндагӣ мусоидаткунанда мебошанд, услуби хизматрасониҳояшон аст, ки гумонбаршавандагон ба мизоҷонашон пешниҳод намуда, мардумони гумроҳи зиёдеро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ кашидаанд.

Раёсати ВКД мегӯяд, вобаста ба ҳолатҳои мавриди назар нисбати нафари аввалӣ тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасии судӣ қарор доранд.

Барои ба таври такрорӣ даст задан ба мардумфиребӣ баъди таъини ҷазои маъмурӣ шаҳрвандон Мавлянова Замира Исковна соли таваллудаш 1970 сокини шаҳри Бохтар, ки гузаштаи доғдори ҷиноятӣ дораду пеш бо моддаҳои 247 ва 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз ба хотири ин амалҳои хурофотӣ, аз ҷумла фолбинию ҷодугарӣ ба ҷавобгарии дастгир карда шуд.

Номбурда шаҳрвандонро дар манзили истиқоматиаш барои иҷрои амалҳои хурофотӣ қабул карда, аз онҳо маблағ талаб мекардааст, ки ҳоло нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 240, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

 Эрназаров Мураталӣ Алимардонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Вахш ва Қараев Абдулло, соли таваллудаш 1952,  ноҳияи Ёвон, ки худро табибу мушкилкушой муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз корафтодагон аз 200 то 2000 сомонӣ талаб карда гирифтаанд. Дар натиҷа нисбати ҳарду тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *